Вы здесь

Главная

ИЛМИ ТАЪРИХ ВА ДИФОИ МАНФИАТЊОИ МИЛЛЇ

Фурӯпошии давлати абарқудрати Шӯравӣ на танҳо сиёсатмадорон, балки донишмандон ва ба хусус муаррихонро ба майдони муборизаву талошҳои идеологӣљалб кард. Тавре ҳамагон шоҳидем, холӣ мондани фазои идеологиро гурӯҳҳои моҷароҷӯ ба манфиати худ истифода бурданд. Кишварҳои нав ба истиқлолрасида ҳар кадом талош мекарданд, ки дар раванди давлатсозӣ аз таърих, ки сабақҳои омӯзандаи фарвон дорад,  истифода кунанд. Ҳамин равандро кишварҳои Аврупо пас аз ҷанги якум ва дуюми ҷаҳон аз сар газаронда, барои бозсозии кишвар ба сарҷамъ намудани миллатҳо бештар ба таърих рӯй оварданд. Кишварҳои Осиёи Миёна низ дар ҷараёни бунёди давлатҳои миллӣ ба таърих рӯй оварда, кӯшиш карданд, ки дар заминаи хотираи таърихӣ миллатҳои хешро худогоҳ ва дар баробари таҳдиду хатарҳои асри ҳозир тақвияти зеҳнӣ намоянд. Дар ҳамаи кишварҳои минтақа асарҳои зиёде таълиф гардид, ки муҳтавои он бо осори дар замони Шӯравӣ таълифгардида тафовут дошт. Ҳар кас саъй мекард, собиқаи хешро тӯлонӣ ва ҳаққи хешро ба мероси таърихӣ собит созад. Дар асоси асотиру достонҳо таърихсозӣ ва бузургманишӣ авҷ гирифт, ки таъсири номатлуб бар робитаи кишварҳои минтақа гузошт. Дар ин ҳаногомасозӣ ва баҳсу моҷароҳои ғайриилмӣ баъзан кӯшишҳои истифода бурдани таърих ва фурсатталабӣ низ ба мушоҳида мерасид, ки асари таърихиро аз нигоҳи илмӣ беарзиш месохт. 

Аммо мо тоҷикон дар ин замина ниёзе ба таърихсозӣ надоштем, зеро тавре Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор доштанд, мо тоҷикон ниёз ба таърихсозиву қаҳрамонтарошӣ надорем, чун таърихи мо ҳоҷат ба чунин кори сунъӣ надорад. Гузашта аз ин кӯшишҳои таърихнигорииПешвои фарзонаи миллат, ҳеҷ гоҳ маънои ихтилофафканиву ҷудоиандозӣ дар минтақаро надошт. «Бузургдошти таърихи гузашта барои мо, - навиштаанд Пешвои миллат, -ҳаргиз маънои таъкид кардани ҳаққи истисноии миллатамонро дар тамаддуни башарӣ, ё кӯшиши ҷудоӣ пазируфтан аз равандҳои созандаи ҷаҳонӣ ва фарҳанги халқҳои пешрафтаи оламро надорад». Бесабаб нест, ки муаррихони ватанӣ на танҳо ба таърихи ҳазорсола, балки нисбат ба ҳодисаҳои сад соли охир низ бомулоҳиза рафтор карда, кӯшиши “ревизия” кардани таърихи як қарни охирро надоранд.

Маҳз ҳамин бардошти хирадмандона ва ҳидояти огоҳона буд, ки нагузошт илми таърихнигории мо дар замони истиқлолият то ба вартаи ифротандешӣ суқут кунад. Табиати сулҳдӯстонаи тоҷикон ва фарҳанги муросову мудорои он ҳанӯз дар шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҷилвагар шуда, таърихи чандҳазорсолаи миллати мо дар пайванд бо халқҳои ҳамсоя мавриди таҳқиққарор гирифтааст. Бояд иброз намуд, ки дар раванди ба истилоҳтаърихсозӣ вале дар асл тафриқаангезӣ, ки дар давоми бист соли охир ҷараён гирифт, зарару зиёни он пеш аз ҳама ба мардумони кишварҳо тамом шуд. Роҳҳо баста шуданд ва халқҳо дигар на аз дӯстӣ гуфтугӯ ва на сулҳуамониро ҷустуҷӯ мекарданд. Қувваҳои манфиатдор ҳар чизеро баҳона карда, муаррихони эҳсосиро бар зидди ҳамдигар мешӯронданд. Хушбахтона дар вақтҳои охир бо саъю талоши роҳбарияти кишварҳо, аз ҷумла Пешвои миллат робитаи кишварҳои ҳамсоя тадриҷан бо ҳам наздик шуда, самараи он пеш аз ҳама ба халқҳои минтақа мерасад.

Дар шароити муосир дар баробари пешрафти чомеаи чахонї раванди љахонишавї мардуми сайёраро ба холатхои мухталиф мувочех намуда, барои њар як миллат таъсири гуногун гузошта истодааст. Агар ба вазъи имрўзаи олам назар афканем, хохем дид, ки бештар давлатхо ба пешрафти соњањои асосї, аз чумла иќтисодиёт, ичтимоиёт ва сиёсат ањамияти махсус зохир менамоянд ва барои муваффак, шудан дар ин самт тамоми саъю кўшиши хешро ба харљ медиханд, вале ин нуктаро бояд тазаккур дод,ки имрўзњоаз хурдтарин то пешрафтатарин мамлакати дунё вазъи фарњанги маънавї ва рушди онро аз мадди назар дар канор  намегузоранд, зеро инкишофи њамаљонибаи соњањои мухталифи љомеаи башар ба он вобастагии ногусастанї дорад. Дар баробари љањонишавї, ки барои тамаддуни њар як халќи сайёра ба таври гуногун таъсиргузор хоњад буд, бањри устувор нигоњ доштани њувияти миллї, ватандўстї, солим нигоњ доштани мероси аљдодї ва урфу одатњои миллї барои њар як миллат зарурати њамаљониба ањамият додан ба соњаи илму тамадуни худ ба миён меояд. Мо тољикон дорои таърихи кўњан ва тамаддуни ѓанї мебошем, ки онро на фаќат худи мо, балки аксари мардуми љањон эътироф намудаанд. Машриќзаминро гањвораи тамаддун меноманд ва низ њастанд шахсоне аз ањли илм, ки Мовароуннањрро ба њайси ангуштарини гаронбањо дар тамаддуни башарият ба ќалам додаанд, инчунин нигоштаанд, ки тамаддуни чандинасраи миллати тољик чун нигине бар ангуштарї мебошад.

Дар марҳилаи нави таърихӣ дар назди муаррихон вазифаҳои тоза гузошта мешавад. Муҳимтарин вазифаи муарихони кишвар дар марҳилаи кунунӣ бар асоси воқеият ва адолати таърихӣ ва илмӣ таҳқиқ кардани таърихи миллатҳо ва роҳ надодан ба ҳар гуна кӯшишҳои таърихбофӣ ва дар ин замина вайрон кардани муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя мебошад. Дар гузашта ва имрӯз кам нестанд муаррихоне, ки танҳо ба масъалаҳои баҳсбарангези таърихӣ пардохта, мехоҳанд бар хилофи воқеият ва адолати таърихӣ эҳсоси нобоварӣ ва хусумат миёни халқҳои дӯстро барангезанд. Хомўшї ихтиёр кардани донишмандони тољик дар муќобили чунин ашхоси тафриќаандози хусуматпеша њаргиз маънои “нотавонї ё худхоњии бемаънї” – ро, чуноне ки баъзе муаррихони бо ном “ватанхоњ” тафсир мекунанд, надорад, балки гувоњи хирадмандї, худогоњї ва дурандешии онњост. Таърихнигорони тољик посўх гуфтанро ба андешањои беаслу бепояи баъзе “ислоњгарони таърих”, масалан “тарихсозон”-и кишварњои њамсоя дар мавриди аслу насаби Сомониён, ки барои ањли илми љањонї чун оина равшан аст, лозим намедонанд. Зиёда аз ин, донишмандони тољикро дар замони соњибистиќлолї рисолати муњимтаре дар пеш аст. Чуноне ки Сарвари давлат, Пешвои миллат, Асосгузори сулњу вањдати тољикон Эмомалї Рањмон дар Паёми худ ба Маљлиси олї (соли 2013) дастур медињанд: «Вазифаи муњими олимони кишвар бо назардошти шароити давлати соњибистиќлол тањќиќ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемањои фалсафа ва адабиёту фарњанги бою рангоранги тољикон, поку бегазанд нигох доштан ва тањким бахшидан ба маќоми забони давлатї, тоза нигоњ доштани забони муошират, эљоду эњёи забони илмии тољикї, арљгузорї ба арзишњои таърихї ва ба љањониён ба таври шоиста муарифї намудани дастовардњои ниёгон мебошад».

Дар замони истиқлолият донишмандони тоҷик асарҳои зиёде таълиф карданд, ки бештар бар пояи сарчашмаҳои таърихӣ ва дастовардҳои илми бостоншиносӣ навишта шудаанд. Дар ин давраи созанда таърихнигорони Институти таърих, бостоншиносї ва мардумшиносии Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон аз пайи њангомањои тафриќаангез ва посўх гуфтан ба андешањои ботилу беасоси баъзе “ислоњгарони таърих” нагашта, ба тањќиќу тарѓиби воќеии таърихи тољикон пардохтанд ва асари бунёдии “Этногенезва таърихи этникии халќи тољик” – ро ба чоп омода намуданд. Ба табъ расидани чунин як тањќиќоти асил, ки дар асоси манбаъњои мўътамади хаттї ва бостоншиносї ва љалби мутахассисони варзидаи Федератсияи Руссия ба анљом мерасад, љавоби сазовор ба њар гуна њангомањо ва андешаронињои тафриќаангез дар мавриди пайдоиши тољикон ва аслу насаби Сомониён  буда, гувоњи масъулиятшиносии кормандони Институти мазкур мањсуб меёбад.

Дар қатори олимони воқеӣ фурсатталабону ҳангомаҷӯён дар ҳамаи кишварҳо ҳузур дошта, ба ҷои нигоштани асари муътабари имлӣ ва саҳм гузоштан дар таҳқиқи олимона ва одилона ба сиёҳ кардани ҳамдигар ва аз зери нохун чирк кофтан машғул мебошанд. Барои ҳар фарди огоҳу ватандӯст мисли рӯз равшан аст, ки таърих барои огоҳиву хештаншиносӣ ва дар асоси муқоисаи таърихи гузашта бо замони ҳозира офаридани чеҳраи воқеии миллат зарур аст, на барои фурӯзон кардани оташи ғазаб ва  кинаҷӯиву нафратпароканӣ. Пешвои миллат дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ин ҳақиқати бебаҳсро хуб тафсир карда, таъкид кардаанд, ки «Мо аз умқи таърих набояд хокистан, балки шӯъла бардорем».

Ҷаҳони ноороми ҳозира ва таҳдидҳое чун ифротгароиву даҳшатафканӣ мо муаррихонро водор месозад, ки бо таҳқиқу баррасӣ ва кашфи саҳифаҳои нави таърихи ватани аҷдодиямон пиру ҷавони кишварро дар рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба таъриху тамаддун, арзишҳои волои фарҳангӣ, суннату анъана ва яке аз муҳимтарин рукнҳои одамият – дӯстиву бародарӣ бо ҳамаи халқҳои сулҳхоҳи олам тарбия намоем. Танҳо дар ин сурат метавонем бо боварӣ бигӯем, ки мо рисолати таърихии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро кардаем.

                                                                                                                                          профессор. Акрамӣ Зикриё      

 

Undefined